16 Март 2025 - 18:10
Source: Parstoday
Посухи имом Хоманаӣ ба таҳдидоти Амрико: Агар касе иқдоми кунад қотеъона ҷавоб медиҳем/ Вашенгтон ба дунболи фиреби афкори умумии ҷаҳон

Порс тудеӣ- Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба дастбардор набудани қулдурҳои олам аз мубориза ва тавтеа зидди инқилоби исломӣ гуфтанд: Онҳо мегӯянд "аввал мо" яъне ҳамаи дунё бояд манофеъи моро бар худ муқаддам бидорад, ки ин манфиъаталабиро имруз ҳама мушоҳида мекунанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ асри чаҳоршанбе дар дидори ҳазорон нафар аз донишҷуёни саросари Эрон ва фаъолони ташакулҳои сиёсӣ, иҷтимоъӣ, фарҳангӣ ва гуруҳҳои ҷиҳодии донишҷуӯӣ ба баёни тавсияҳои муҳим дар нақд ва арзёбии масоил ва истеҳкоми ҳувияти донишҷуӣ ва ҳамчунин баррасии мавориди аз таърихи муосир ва руйдодҳои ҷорӣ пардохтанд.

Ба гузориши Порс тудеӣ ишон бо ёдоварии ҳаводиси гуногуни соли гузашта афзуданд: Соли гузашта дар чунин аёми шаҳидон Раисӣ, Сайид Ҳасан Насруллоҳ, Ҳания, Сафиддин, Сенвор, Зайф ва чандин шахсияти барҷастаи инқилоби дар миёни мо буданд, аммо акнун нестанд ва ба ҳамин иллат душман тасавур мекунад мо заъиф шудаем, аммо бо этминон таъкид мекунам ҳарчанд набуди ин бародарони бисёр арзишманд барои мо хисорат аст вале дар бисёри аз мавзуъот нисбат ба соли гузашта қавитар шудаем ва дар бархе масоил ҳам заифтар нашудаем.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар табини иллати идомаи қудрати ҷебҳаи муқовимат афзуданд: Агар ду омили ормон ва талош дар як миллат ва як маҷмуъа вуҷуд дошта бошад ба ҳаракати куллии онҳо зарбаи ворид намешавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бархурдори аз ҳидояти Илоҳиро ҳадафи мутаъолии ҳар инсон донистанду афзуданд: Расидан ба фалоҳ ва саъодат ва наҷот танҳо дар сояи ҳидоятгарии Худованди Мутаъол муҳақақ мешавад, ки ин ҳидоят аз осори тақво аст.

Посухи имом Хоманаӣ ба таҳдидоти Амрико: Агар касе иқдоми кунад қотеъона ҷавоб медиҳем/ Вашенгтон ба дунболи фиреби афкори умумии ҷаҳон

Раҳбари инқилоби исломӣ дар бахши аслии суханонашон дар табйини ҳувияти донишҷуи эронӣ ба ду таҷрубаи мутафовити ҷавонони эронӣ дар даврони муъосир дар мувоҷеҳа бо ғарб ва тамадуни ғарби пардохтанд ва таъкид карданд: Натиҷаи мувоҷеҳаи аввал "шигифтаги ва худбохтаги буд" ва натиҷаи мувоҷеҳаи дувум "шинохти тамадуни ғарб, бурхурди интихобгарона бо воқеъияти ғарб, эҳсоси истиқлол ва дар мавориди эҳсоси тафовути амиқ ва ҷудоӣ комил".

Ишон мувоҷеҳаи аввали ҷавонони эронӣ бо ғарб дар ҳудуди сад соли қаблро боиси эҷоди дугона "ғарби пешрафта ва эрони заиф ва ақибмонда" дар зеҳнҳои ҷавонон донистанду гуфтанд: Ин дугона албата дар он замон воқеъият дошт, аммо набояд мунҷар ба худбохтаги ва дунболарави аз ғарб мешуд чаро ки мушоҳидаи нуқоти қуввати тарафи муқобил бояд инсонро ба фикри роҳи ҳал ва ҷуброни нуқоти заифи худ бияндозанд на ин ки таслим ва табаъиятро таҷвиз кунад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Ризохон (силсила салтанати Паҳлавӣ дар Эронро) мазҳари ғарбгароӣ вайронгар ва мухариб хонданду афзуданд: Англисиҳо он қулдурро руи кор оварданд ва баъд ҳам, ки манофеъашон эҷоб кард уро бардоштанд, аммо дар ҳамин муддат ҳалқаи инҳирофи Ризохон лузуми табаъият ва ҳазм шудан дар ғарбро дар ҳамаи умур ва масоили кишвар дар афкори умумӣ ҷо андохтанд ва кишварро аз дарун пук карданд ва ҳеҷ чизи милли монанди сиёсати дохили ва хориҷии миллии ва на ҳатто либоси милли барои эрониён нагузоштанд.

Посухи имом Хоманаӣ ба таҳдидоти Амрико: Агар касе иқдоми кунад қотеъона ҷавоб медиҳем/ Вашенгтон ба дунболи фиреби афкори умумии ҷаҳон

Раҳбари инқилоби исломӣ таҷрубаи дувумро аз ҳузури ғарб дар Эронро ноши аз ҳаводиси талх ҳачун ишғоли бахшҳои аз кишвар ба дасти Англис ва Русияи подшоҳи, қаҳти ва ҷон бохтани ҳазоронтан аз мардум, саркуби наҳзатҳои дохили ва таҳмили қарордодҳои хифатбор монанди қарордоди нефти дорси дар замони Ризохон донистанду афзуданд: Ин ҳаводис ботини ғарбиҳоро барои мардум ва бахусус ҷавонон ошкор ва маълум кард, ки дар пушти зоҳири утукашида ва лабханди онҳо ботини хабис ва хоинона қарор дорад ва ин қазия боиси коҳиши шувқ ва шигифтаги ба тамадуни ғарб дар кишвар шуд.

Ишон наҳзати миллиро нуқтаи атфи таърихи дар ошкорсозии ботини ғарб хонданд ва хотирнишон карданд: Дар ҳоле, ки Мусадиқ барои мубориза бо Англис ба Амрико такия ва умед дошт аз ҳамон Амрико зарба хурд ва кудито зидди давлати у бо пул ва имконоти Амрико рақам хурд.

Ҳарати оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки натиҷаи кудитои 28 мурдоди соли 1332 равшан шуд ин воҷеъият буд, ки такия ба ғарб монеъи пешрафт аст на омили он, афзуданд: Ин ҳақиқат равшан шуд, ки ғарбиҳо бо ҳар падидае, ки бо манофеъ ва зиёдахоҳиҳои онҳо дар таъоруз бошад, бераҳмона бархурд мекунанд.

Раҳбари инқилоби исломӣ оғози ҳаракатҳои муқобилаҷуёнаи донишҷуён бо Амрико ҳамчун қиёми 16 озари донишҷуёни донишгоҳи Теҳрон зидди сафари Нексон ва ҷон бохтани се донишҷу ба дасти ҳукуматро аз осори ошкор шудани ботини ғарб донистанд ва бо ишора ба истимрори хати шифтаги ба ғарб бо вуҷуди тазъифи он то пеш аз инқилоб, афзуданд: Агар дар соли 1357 инқилоб ба вуқуъ намепайваст кишвар дар масире буд, ки бо афзоиши вобастагиҳои хориҷӣ аз ҳамаи мазоё ва серватҳои маънавии худ маҳрум ва таҳи мешуд.

Ишон ҳунари муҳим ва бебадили имом Хумайни(р)-ро иртиботгири ва сухангуфтан бо миллат ва на як қишр ё ҳизби хос донистанду гуфтанд: Имом Хумайнӣ(р) бо ёдоварии тавоноиҳои мардум ва ҳувияти фарҳангӣ ва таърихии миллат ҳамаро аз ғафлат хориҷ кард ва бо эътимод ва мутолеба аз мардум онҳоро ба майдон овард ва миллат низ истод ва маръуб нашуд ва басоти таҳмил ва ғоратгарии душман ҷамъ шуд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба дастбардор набудани қулдурҳои олам аз мубориза ва тавтеа зидди инқилоби исломӣ гуфтанд: Онҳо мегуянд "аввал мо" яъне ҳамаи дунё бояд манофеъи моро бар худ муқадам бидорад, ки ин манфеъаталабиро имруз ҳама мушоҳида мекунанд ва имруз эрони исломӣ танҳо кишваре аст, ки қотеъона гуфта аст ба ҳеҷваҷҳ манофеъи дигаронро бар манофеъи худ тарҷеҳ намедиҳад.

Ишон ҳадафи талоши душман бахусус бо истифода аз шеваҳои ҷадиди иртиботиро бозгардонидани нуфуз ва султаи ғарб бар Эрон ва такрори ҳамон руҳияи инфиъол, табаъият ва вобастагии пеш аз инқилоб дар ҷавонони донишҷуи эронӣ хонданд.

Посухи имом Хоманаӣ ба таҳдидоти Амрико: Агар касе иқдоми кунад қотеъона ҷавоб медиҳем/ Вашенгтон ба дунболи фиреби афкори умумии ҷаҳон

Раҳбари инқилоби исломӣ дар бахши поёнии суханонашон чанд нукта дар боби музокира бо Амрико баён карданд.

Ишон дар нуктаи аввал суханони раиси ҷумҳури Амрико мабни бар омодаги барои музокира ва эҷоди тавофуқ ва фиристодани нома барои Эронро талош барои фиреби афкори умумии ҷаҳон баршумориданду гуфтанд: Ин нома ҳануз дасти ман нарасид, аммо Амрико мехоҳад ин дуруғро илқо кунад, ки Эрон бар хилофи мо аҳли музокира ва тавофуқ нест дар ҳоле, ки ҳамин шахсе, ки ин ҳарфҳоро мезанад ҳосили музокира бо Амрикоро пора кард ҳоло читавр метавон бо у музокира кард дар ҳоле ки медонем ба натоиҷ амал нахоҳад кард?

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар нуктаи дигар гуфтанд: Аз ҳамон аввал ҳадафи мо аз музокира рафъи таҳримҳо буд, ки хушбахтона таҳримҳо дар раванди тулонишудани худ ба тардриҷ кам асар мешавад ишон бо ишора ба ҳарфҳои амрикоиҳо, ки мегуянд "намегузорем Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад" гуфтанд: Агар мехостем силоҳи ҳастаӣ тавлид кунем Амрико наметавонист пеши моро бигирад иллати ин ки силоҳи ҳастаӣ надорем ва дунболи он ҳам нестем ин аст ки худамон ба далоиле, ки қаблан гуфта шуд ин навъи силоҳро намехоҳем.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар нуктаи дигар таҳдиди Амрико ба низомигариро ғайриоқилона донистанд ва таъкид карданд: Таҳдид ба задани зарба ва эҷоди ҷанг як масъалаи яктарафа нест ва Эрон қодир аст зарбаи мутақобил ворид кунад ва қатъан ин корро хоҳад кард.

Ишон афзуданд: Агар Амрико ва авомилаш ҳаракати ғалати бикунанд худашон бештар зарба хоҳанд хурд, албата мо дунболи ҷанг нестем чаро, ки ҷанг як чизи хуб нест, аммо агар касе иқдоми кунад қотеъона ҷавоб медиҳем.

Раҳбари иқлоб Амрикоро дар масири ру ба заъф тавсиф карданд ва афзуданд: Аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсати хориҷрӣ, сиёсати дохилӣ, масоили иҷтимоъӣ ва арсаҳои дигар Амрико дар ҳоли заифшудан аст ва дигар наметавонад он қудрати 20-30 соли қаблро дошта бошад.

Ишон дар нуктаи поёнии суханонашон муқовимати Фаластин ва Лубнонро қавитар аз қабл донистанду гуфтанд: Масъулони эронӣ аз ҷумла давлат ва раиси ҷумҳур дар ин маврид иттифоқи назар доранд, ки бо ҳамаи тавон аз муқовимати Фаластин ва Лубнон ҳимоят мекуем ва Иншоаллоҳ миллати Эрон дар оянда ҳам мисли гузашта парчамдори муқовимат дар муқобили зургуиҳо хоҳад буд.

Посухи имом Хоманаӣ ба таҳдидоти Амрико: Агар касе иқдоми кунад қотеъона ҷавоб медиҳем/ Вашенгтон ба дунболи фиреби афкори умумии ҷаҳон

Дар ибтидои ин дидор 6 нафар аз намояндагони ташакулҳои донишҷуӣ саросари кишвар оқоён: Муҷтабо Мингели; аз дафтари таҳкими ваҳдат, Муҳаммади Асадиён; аз маҷмаъи исломии донишҷуёни донишгоҳи Озод, Маҳдии Базма; аз басиҷи донишҷуӣ, Муҳаммадризо Марями; аз ҷунбиши адолатхоҳ, Абулфазли Муҳаммади; аз ҷомеъаи исломии доиншҷуён ва хонум Райҳона Ҳасанқурбон аз гуруҳҳои ҷиҳодии донишҷуӣ ба баёни дидгоҳои худ дар бораи муҳимтарин масоили донишҷуӣ ва кишвар пардохтанд.

Посухи имом Хоманаӣ ба таҳдидоти Амрико: Агар касе иқдоми кунад қотеъона ҷавоб медиҳем/ Вашенгтон ба дунболи фиреби афкори умумии ҷаҳон

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha